Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@
БИГУ МОРО ЁД КАРДАИ? ПАДАРЧОН
02 Февраля 2012 | Опубликовано в ( БА ЁДИ ПАДАР) | Просмотры: | Комментарии: 11

БИГУ МОРО ЁД КАРДАИ? ПАДАРЧОН

Дуруд  ба  рухи  покат  эй   нури  дида  , эй оромиши  дили фарзандон ,эй  киблагохи  азиз  Падари  ба чону  дил  баробарам. Хар  лахза  аз оине,ки морро  падруд  гуфтаи  дар  назарам,  ки хозир дарро  кушода бо  хамон  чехраи  кушоди   нурони  бо  хамон  лутфу  мехрубони    вориди  хонаи  ман  мешаведу  ба  мисли  хар  вакта  садо  мекунед: Шахлочон  кучои чони  дадаш.. ..  вале  хайхот , ки ин хама  хаёлоти ширини  ман бо  ёди шумо  падарчон  хастанд.                                                                                                                                          Имшаб туро ба хоб дидам. Аз руят нур меборид.         Дар  боге,ки  худ бунёд карда буди  ва  мегуфти,ки  барои  фарзандону  наберахояам  тамоми меваро  шинондаам,ки омада   аз  ин  мехнати  дастони  ман  истифода  баранд  сайр мекарди.  Ба суи ман табассуми ширине кардиву чизе нагуфти.  Ёд дори  падарчон..  хар  иду  айёом  ба хонаи ман  бо    дастовезхои  зиёде  меомади  барои   Шахзоду  Сухайло   тухфахои  бисёр  меовард ,ки то  хол  харчанд хурд  буданд  хам  дар ёдашон  хаст  ва  хамон чизхоро  бинанд  мегуяанд   ба хасрат ,ки  ина   Бобочонам  овардаги  буд.

Акнун  хозир, ки  нести   касе  ба  мо  мисли шумо   мехрубонона  аз  дар намедарояаду  тухф   хам  намеорад     маро бо  ун  садои  хушат   дигар  садо намекунию    суйат   намехони  падарчон.....

Хар  гох,ки  дар  куча  касеро  мебинам  хамрохи  падараш  ба  хавас  менигараму   рузхои  гузаштаро  бо  шумо  падарчон  ба  хотир меорам, ки    хамрохат   дар  гулгашту   хиёбонхои  Душанбе    сайр карда  будам.  Дар  кадом    магозаю  бозорхое   медаромади  чизи  бехтаринро барои  мо  мехариди . Хар  гох,ки  ман хамрохи  Зулфия  куртахои  нав   харидаги  шуморро  мепушидем  аз   хурсанди  дар  куртаат  намегунчиди     мисли  кудак  .                                                                     Насихату   суханат  хамин  буд  доимо ,ки   хонед, омузед    дар  зиндаги  мухточи  касею  чизе  нашавед. Шукронаи  Яздони  пок   ки  хамаи мо  фарзандонро   сохиб  маълумот  кардию     аз  илми    ин  дуняви   ва  охират    бохабарамон    сохти   дар  зиндаги  рохи некро  нишон  доди.

Вале  афсус  сад  афсус  ,ки мо  фарзандонро  ,ки 

 бо  хазор  ноз  парваридию   сохиби  хама  чиз  карди дар  зиндаги   туро   харчанд  мекобем аммо   намеёбем  Падарчон  ,ки як пиёла  чой  дихем.  Ту  нести  ки  аз   ин  дарахтхои  шинондаат  бахравар  шави  дар  давлати  писархою  дар огушт  наберахояат  зиндаги   кун.  Ба  ин  ачал  рох  надод. "Аз омадани марг хеч шаке нест".

.Дунё гузаронасту,фониё бе бако!

Вале  ба ёд  ононе,ки мисли шумо  падарчон  аз  тири  нохалафи  сиёхкорон  кушта  шуданд у  ормони   рафтанд  ёдхо,ормонхо,  сузхо  дар  калбхо  човидони  мемонанад.

Куштандат, о ҷону ҷигар, эй ҷашну суру иди ман,

Куштандат, о нури басар, эй бар замон тамҳиди ман,

Эй фахри ман дар зиндагӣ аз диду аз нодиди ман,

Хоки ду олам бар сарам, бар ин сари испеди ман.

На хотире ранҷондаӣ, на бар касе бад кардаӣ,

На ҳаққи мардум хурдаӣ, на моли мардум бурдаӣ,

Ҳатто дили як мӯрро н-афсурдаӣ, н-озурдаӣ,

Бояд бимиранд ин сагон, боре чаро ту мурдаӣ?

Қуте агар ҳам хурдаӣ, ғамҳои мардум будааст,

Дарду ғами имрӯзаву фардои мардум будааст,

Дар синаи дардошноят ҷои мардум будааст,

Чун ҳафт пуштат аз азал малҷои мардум будааст.

Тире, ки зад бар синаат, бар мағзи ҷони ман расид,

Тире, ки зад бар синаат, бар синаи меҳан расид,

Зеро камон бар қабзаи бедонишу бефан расид,

Зеро камон андохтан бар зумраи кавдан расид.

Ёраб, ту огоҳӣ аз ин пешомади ногоҳи ман,

Ёраб, бубин ҳоли ману ин қабзаи кӯтоҳи ман,

Ёраб, шунав рӯзу шабон ин нолаи ҷонкоҳи ман,

Бар синаи қотил бизан шамшеру тири оҳи ман!

«Эй Парвардигори ман, ба ман илҳом кун (ва тавфиқ бидеҳ), то шукри неъматеро ки бар ман ва бар падару модарам инъом кардаӣ, ба ҷой орам ва то коре шоиста бикунам, ки ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро солеҳ гардон ,ки  номбардори  Падари  азизамон бошанд . Ҳароина, ман ба сӯи ту тавба кардам ва ҳароина, ман аз мусулмононам.»

Мо фарзандон хамаруза аз Худои Мутаол талаб мекунем, ки манзили охирати падарамон ободу чояшон чаннатул маъво бошад.

МОРО ЗИ ПАДАР НОМУ НИШОНЕ БОКМСТ

ГАРЧИ ЗИ ЧАХОН РАФТ ЧАХОНЕ БОКИСТ.

ТУ  НЕСТ  БО  МО  ПАДАРЧОН!!!!

Мо  ШУМОРО  БИСЁР  ПАЗМОН  ШУДАЕМ…..

БИГУ   МОРО  ЁД  КАРДАИ????

**************************************************************************************************************************************

Иллохо,ба хар кори мисво,нигахдорат Худо бошад,
Ба пахми илму Туро,асоскорат Худо бошад.
Иллохо бигардад равшан умри азизат доимо,
Зи хар офату бало халоскорат Худо бошад.
Якат сад хазор гардад,зарафшорат Худо бошад,
Ба ту саъодат бахшида тадбиркорат Худо   бошад.
Иллохо абадул абад,сардорат Худо бошад,
Иллохо,дуогую сари корат Худо бошад!

**************************************************************************************************************************************

Сари хар як  дуои мо азизон  ин дуо бошад.

Хар, ки ёди  мо  кунад  нигахбонаш Худо бошад!

*******************************************************************************************************************************************

Аввал навишта бар Лавхи Махфуз:
Бисмиллохир-Рахмонир-Рахим!
Аноллоху ло илоха илло ано,ман истаслама ва би казои ва ясбиру ъало балои ва яшкуру ъало нуъамои,катабтуху ва баъастуху маъа-с-садикина. Ва ман лам ярзи би казои ва лам ясбир ъало балои ва лам яшкур ъало нуъамои,фалиятлуба раббан сивои ва яхруча мин тахта самои.
Он чи калам навиштааст,тагйиру табдил напазирад,магар чахор чизро: ар-ризк,ва-л-ачал, ва-с-саодат, ва-ш-шаковат.Ин чахор чиз дар азал сабт рафтааст.

             Касе ки дард надорад ба у сухан хайф аст,
                  Касе ки сажда надорад ба у кафан хайф аст!

***************************************************************************************************************************************

Эй Худованди чахондори Карим
Лоязолу лам язал,Хайи кадим
Нест чуз лутфи ту кас фарёдрас
Ё илохал-ъоламин, фарёдрас.

Он падар,он мехрубон бигзашту рафт
Нурбахши чашму чон бигзашту рафт
Моили дидору гулзори бихишт
Аз макон бар ломакон бигзашту рафт.

Худованд  хонаи охирати Падарчонамро Чанатул-маъво гардонаду  дар катори  шухадоххо,ки бе гайри хак хунашон рехтаст  чой гир  кунад!

*****************************************************************************************************************************************************

Ал-чаннату тахта акдом-ил-уммахот:-бихишт зери пои модарон аст!

Итоати падар итоат аз худо бошад ва сарпечи аз падар сарпечи аз худо аст.

****************************************************************************************************************************************************

РАФТИ АЗ ОЛАМ ПАДАРЧОНАМ БА МАРГИ НОГАХОН.
МОНД ФАРЗАНДИ АЗИЗАТ АЗ ТУ ДАР ОЛАМ НИШОН.
РАХМ СОЗАД БАР РАВОНАТ ХОЛИКИ КАВНУ МАКОН.
ШОФИАТ БОШАД БА МАХШАР ОН РАСУЛИ ИНСУ ЧОН.
КАЪБАИ МАКСУДИ МАН ЭЙ КИБЛАГОХИ МЕХРУБОН.
МАСКАНАТ БОДО ХАМЕША ДАР БИХИШТИ ЧОВИДОН.
ЭЙ ПАДАРЧОНИ АЗИЗАМ КАРДИ АЗ ОЛАМ САФАР.
СОЯ БУДИ БАР САРАМ ХМЧУН ДАРАХТИ ПУРСАМАР.
БО ДУОИ ХАЙР ЕДАДАТ МЕКУНАМ ШОМУ САХАР.
НАЗДИ ХАЛЛОКИ ЧАХОН БОШИ ХАМЕША МУЪТАБАР.
МЕКУНАМ ОРОМГОХАТРО ЗИЕРАТ СУБХУ ШОМ.
ХАМ БА ЧАШМОНАМ БИМОЛАМ ХОБГОХАТ БАРДАВОМ.
ЧАННАТУЛФИРДАВС БОШАД ЧОЯТ ЭЙ ОЛИМАКОМ.
РУХИ ПОКАТРО БИСОЗАМ МАН БА ЭХСОН ЭХТИРОМ.
ЭЙ ПАДАРЧОНАМ СУХАНХОИ ТУ ДАР ЕДИ МАН АСТ.
ХАМ БА АКЛУ ХУШУ ГУШАМ ПАНДИ УСТОДИ МАН АСТ.
РАХНАМОИХОИ ЧОНБАХШИ ТУ ИРШОДИ МАН АСТ.
АЗ ТУ ДАР ИН ОЛАМИ ЭЧОД БУНЕДИ МАН АСТ.
ДАР ХАЕТАТ КИМАТУ КАДРИ ТУРО НАШНОХТАМ.
ХОКИ ПОЯТРО БА ЧАШМАМ ТУТИЕ МЕСОХТАМ.
ДАР КУДУМАТ ПАРДАХОИ ДИДА МЕАНДОХТАМ.
ЧОНИ ШИРИНРО БА АЛФОЗИ ХУШАТ МЕБОХТАМ.
АЗ ФИРОКАТ СУХТАМ ЭЙ КИБЛАИ ОЛИЧАНОБ.
ОРЗУ ДОРАМ КИ БИНМОИ ЧАМОЛАТРО БА ХОБ.
АЗ МАНИ ОЗУРДАХОТИР ХЕЧ ГОХЕ РУ МАТОБ.
СОМЕЪИ КАЛБИ ХАЗИНАМ ДОИМОДАРПЕЧУ ТОБ.
КАЪБАИ МАКСУДИ МАНЭЙ КИБЛАГОХИ МЕХРУБОН.
МАСКАНАТ БОДО ХАМЕША ДАР БИХИШТИ ЧОВИДОН.

*********************************************************************************************************************************

ФАРИШТАЕ БА НОМИ МОДАР
02 Февраля 2012 | Опубликовано в ( БА ЁДИ ПАДАР) | Просмотры: | Комментарии: 6

ФАРИШТАЕ БА НОМИ МОДАР

Кӯдаке, ки омодаи таваллуд шудан буд, рӯ ба сӯйи Худованд карду пурсид: «эй Худои хубу меҳрубонам, мегӯянд фардо маро ба замин мефиристед, аммо ман бо ин хурдӣ ва бидуни ҳеҷ кӯмаке чи гуна метавонам барои зиндагӣ ба онҷо биравам»? Ҳотифе аз ҷониби Худо ба ӯ садо дод: «аз миёни теъдоди бисёре аз фариштагонам ман якеро барои ту дар назар гирифтаам, ки ӯ дар интизори туст ва аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард». Кӯдак ҳанӯз намедонист, ки мехоҳад биравад ё не, боз рӯ ба сӯйи Худованд карду гуфт: «Худоё ман дар ин ҷо коре намекунам, мушкиле надорам, коре ба ҷуз хандидан ва овоз хондан надорам ва инҳо барои шодии ман кофӣ ҳастанд». Ҳотифе аз ҷониби Худованд ба ӯ нидо кард: «фариштаи ту бароят овоз хоҳад хонд ва ба рӯйи ту лабханд хоҳад зад. Тавре ки ту ишқи ӯро эҳсос хоҳӣ кард ва шод хоҳӣ шуд». Кӯдак бо нигаронӣ пурсид: «эй Худоҷони меҳрубон, вақте ман забони онҳоро намедонам, читавр метавонам бифаҳмам, ки онҳо чӣ мегӯянд»? Дубора садои латифи ҳотифи ғайб гӯши ӯро навозиш карду фармуд: «фариштаи ту зеботарин ва ширинтарин вожаҳоеро, ки мумкин аст бишнавӣ дар гӯши ту замзама хоҳад кард ва бо сабру бурдборӣ ба ту ёд хоҳад дод, ки чигуна сӯҳбат кунӣ». Кӯдак бо нороҳатӣ идома дод:»вақте бихоҳам бо ту сӯҳбат кунам чи коре кунам? Аз онҷо чигуна бо ту сӯҳбат кунам»? Посух шунид ки, фариштаат дастҳоятро дар канори ҳамдигар қарор дода, ба ту ёд медиҳад ки чи гуна дуо кунӣ ва бо ман сухан бигӯӣ. Кӯдак сарашро поин аафканду пурсид: «шунидам, ки дар замин инсонҳои баде ҳам зиндагӣ мекунанд, аз онҳо маро кӣ муҳофизат мекунад»? Овоз омад, ки фариштаат аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард, ҳатто агар ба қимати ҷони худаш бошад. Кӯдак даст бардошт ва пурсид: «Худоё, агар қарор аст биравам, пас номи фариштаам чист»? Ҷавоб шунид, ки номи фариштаат аҳамият надорад ба содагӣ метавонӣ ӯро модар садо кунӣ. Оре, номи ин фариштаи заминӣ модар аст. Фариштае, ки Худованд барои нигаҳдорӣ ва муҳофизати кӯдакон интихоб кардааст. Аммо ончи муҳим аст ин аст, ки оё ин фариштагони заминӣ ҳамеша ба вазифаҳои худ дуруст амал мекунанд? Пас ҳар як зан ё модар аз худ бипурсад ки ба ин вазифаи ҳассоси худ чи қадар амал карда аст. Оё то ҳол дар бораи Худо ва меҳрубонии ӯ бо фарзандатон сухан гуфтаед? Оё ба фарзандатон омӯхтаед, ки чи гуна бо Худояш сухан бигӯяд? Оё дар бораи амру фармонҳои Худованд ба фарзандатон чизе гуфтаед? Оё аз ишқу меҳрубонӣ ва неъматҳои Парвардигораш ба ӯ чизе гуфтаед? Дар зеҳни фарзандонатон аз Худованд мавҷуди тарснок ва хашмгин насозед, балки коре кунед, ки фарзандатон ошиқи Худо бошад ва ӯро беҳтарин дӯсти худ бидонад. Аммо шумо, эй касоне, ки имрӯз аз ин фариштаи заминӣ бениёз гаштаед, оё ҳаққи ӯро ба ҷо овардаед? Оё як шаби бехобии ӯро ҷуброн кардаед? Оё як рӯзи нигаронии ӯро барои бемориатон ҷуброн кардаед? Оё баҳои як зарра муҳаббати ӯро пардохт кардаед? Оё посухи аллаҳои ошиқонаи нимашабии ӯро додаед? Оё посухи он ишқеро, ки хуни шӯрро ба шири ширин табдил кард, то шумо нӯши ҷон кунед, метавонед бидиҳед? Агар ба ин гуфтаҳо фикр кунем, пай мебарем, ки ҳеҷ гоҳ наметавонем ҷавоби он ҳама заҳмату меҳнати ин фариштаи заминиро бидиҳем. Мо аз ҷуброни заҳматҳои ошиқонаи ин фариштаи илоҳӣ оҷизем. Боз ҳам ишқи ин фаришта аст ки моро аз азоби виҷдонамон мераҳонад. Агар мо бо камтарин кори хуби худ лаҳзае хотири ӯро шод гардонем, исми ӯро ошиқона садо бизанем, ва аз ӯ оҷизона талаби дуо кунем боз ҳам шоҳиди табассуми зебо ва дуоҳои ошиқонаи ӯ дар ҳаққи худамон хоҳем буд.

***********************************************************************************************************

Падар шинохтатару шарифтар асту модар мушфиқтару меҳрубонтар.
02 Февраля 2012 | Опубликовано в ( БА ЁДИ ПАДАР) | Просмотры: | Комментарии: 0

Падар шинохтатару шарифтар асту модар мушфиқтару меҳрубонтар.

Ҳазрати Расули Акрам (с) фармудаанд: «Падар шинохтатару шарифтар асту модар мушфиқтару меҳрубонтар».
Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) нақл мекунад, ки рӯзе аз Расули Худо (с) пурсиданд: «Кадом амал назди Худованд некӯтар аст?»
Паёмбари гиромӣ (с) ҷавоб доданд: -Намозро дар вақташ гузоридан.
Боз пурсиданд: -Баъд аз он кадом амал некӯтар аст?
Гуфтанд: -Некӯӣ дар ҳаққи падару модар овардаанд, ки Расули Акрам (с) дар маҷлисе ба риояи ҳаққи падару модар ҳадиси дарозе нақл карда, дар охири сухан қасам ёд карда гуфтанд: Ба ҳаққи Худое, ки маро ба халқ пайғамбар кардааст, ҳар кӣ ба падару модари худ накӯӣ карда, аз худ розӣ гардонад, он кас дар биҳишт ҳамроҳи ман хоҳад буд. Марде аз он маҷлис бархоста гуфт: Ё Расулуллоҳ (с), маро дар овони хурдӣ падару модарам фавтидаанд. Чӣ тавр онҳоро аз худ розӣ гардонам?
Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд: Барои падару модари худ садақа кун, ё мӯҳтоҷеро таъом деҳ, қироати Қуръон кун ва намози фарзиро хонда, аз ақиби он барои мағфирати падару модар дуо кун. Аллоҳ Таъоло мустаҷоб карда, мағфират менамояд, агарчи онҳо гунаҳкор ҳам бошанд.
Дар «Навоби ғул калима» омадааст, ки ҳар касе бомдод бархезад ва падару модар аз вай хушнуд бошанд, дари биҳишт барояш кушода мегардад. Агар фарзанд ба рӯи падару модар бо меҳрубонӣ нигарад ва бар эшон раҳм кунад, Худованди Таъоло савоби ҳаққи мақбул дар девони аъмоли ӯ сабт мегардонад:
Бо модари хеш меҳрубон бош,
Омодаи ҳурматаш ба ҷон бош.
Бо чашми абад нигар падарро,
В-аз гуфтаи ӯ мапеч сарро,
Гар ҳар ду шаванд аз ту хурсанд,
Хушнуд шавад зи ту Худованд.
Муоз ибни Ҷабал (р) ривоят мекунанд, ки Мӯсо алайҳиссалом дар муноҷоти худ гуфтанд: «Илоҳо, маро васияте кун!» Нидо омад, ки «Ризои модар ҷӯй!» Ҳамин тавр то ҳафт бор нидо омад: «Эй Мӯсо (а), ризои модар ҷӯй ва ҳурматашро бишнос!»
Марде назди Расул (с) омаду гуфт: «Ё Расулуллоҳ (с) , модари ман пир шудааст, бо дасти хеш нон дар даҳони вай мениҳам ва об медиҳам. Ӯро ба пушти худ мебардорам. Оё ҳаққи фарзандии худро адо кардаам?
Пайғамбар (с) ба ӯ гуфтанд: - Аз сад якеро нагузоридаӣ. Лекин Худованд туро савоби бисёр медиҳад.
Боре ҷавоне назди ҳазрати Муҳаммад (с), омада гуфт: «Ё Расули Худо (с), иҷозат диҳед, ки ба ғазо» (ҷиҳод) равам».
Он Ҳазрат (с) гуфтанд: -Модар дорӣ?
Ҷавон гуфт: -Бале, модарам ҳастанд.
Паёмбар (с) фармуданд: -Бирав, ӯро нигаҳдорӣ кун, ки биҳишт зери қадами вай аст.
Яъне,касеро модараш розӣ бошад, биҳишт ба ӯ наздиктар аст.
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.
Дар як ҳадиси мубораки Расули Худо (с) омадааст: «Се тоифаро оташи дӯзах намесӯзад: Зане, ки итоаткори шавҳар бошад, фарзанде, ки барои падару модар накӯкорӣ кунад, шахсе, ки ба халқи Худо раҳм кунад».

*******************************************************************************************************************************************************

Эҳсону неки бо падару модар

September 24, 2011

Trackback

Ислоҳ

by Administrator

Ҳамду сано Худои бузургу бо азаматро ва салавоту салом бар Паёмбару аҳли байту асҳобаш, ва бар пайравони онҳо. Аммо баъд: Худованд мефармояд:

وَقَضَى رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِنْدَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُلْ لَهُمَا أُفٍّ وَلَا تَنْهَرْهُمَا وَقُلْ لَهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا (23) وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ وَقُلْ رَبِّ ارْحَمْهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرًا (24)} [الإسراء: 23، 24] "Парвардигорат муқаррар дошт, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар эҳсону некӣ кунед. Ҳар гоҳ то ту зинда ҳастӣ, ҳар ду ё яке аз он ду (падару модар) солхӯрда шаванд, ононро маёзор ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй. Дар баробарашон аз рӯи меҳрубони сари хоксорӣ хам бикун ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ҳамчунон ки маро дар хурдӣ парвариш доданд, бар онҳо раҳмат овар". (Исро 23 ва 24

Падару модар!!!

Оё медонед падару модар киро мегуянд?

Падару модар яъне сабаби пайдоиши инсон, барои ин ду шахс, бо баландтарин мартабаи эҳсону неки бояд рафтор кард. Некиву эҳсон бо падар, ба хотири он ки у ба сабаби фарзандаш тамоми машақатҳоро аз сар гузаронид то ки уро ба воя расонд, ва некиву эҳсон ба модар, ба хотир он ки у фарзандашро бо машақати зиёд ба дунё оварда ва тамоми раҳмату шафқаташро ба у бахшидааст. Ҳабри уммат ва тарҷумони қурон, Абдуллоҳ ибни Абос (р) мегуяд: се ояте ҳастанд ки комил кунандаи ҳамдигаранд, ва яке аз онҳо бидуни дигараш пазируфта намешавад, ояти якум Худованд мефармояд:

وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ [التغابن: 12] "Худоро итоъат кунед ва паёмбарро итоъат кунед" (Тағобун 12)

Аз ин оят чунин фаҳмида мешавад ки ҳарки итоъати Худовандро ба ҷо биёраду итоъати паёмбарашро ба ҷо наорад аз у пазируфта намешавад. Дар ояти дувум Худованд мефармояд:

وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ [البقرة: 43]

"Ва намозро барпой доред ва закотро бипардозед" (Бақара 43)

Аз ин оят фаҳмида мешавад ки ҳарки намоз бихонаду закотро напародозад, аз у пазируфта намешавад.

Ва дар ояти сеюм Худованд мефармояд:أَنِ اشْكُرْ لِي وَلِوَالِدَيْكَ إِلَيَّ الْمَصِيرُ [لقمان: 14]

"Манро ва падару модаратро шукр гӯй" (Луқмон 14)

Аз ин оят фаҳмида мешавад ки ҳарки шукри Худоро ба ҷо биёраду шукри падару модарро ба ҷо наорад, аз у пазируфта намешавад.

Ба хотири ҳамин Худованд дар китобаш бандаҳояшро доимо васият мекунад ки ба падару модар бо чи роҳе ки набошад эҳсону неки кунед, ва бо чи роҳе ки набошад аз норозигии ва бадрафтори ба онҳо ҳушдор медиҳад, чуноне ки Худованд мефармояд:

وَاعْبُدُوا اللَّهَ وَلَا تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا [النساء: 36]

"Худоро бипарастед ва ҳеҷ чизеро шарики Ӯ масозед ва ба падару модар эҳсону некӣ кунед" (Нисо 36)

Ва боз мефармояд:

وَوَصَّيْنَا الْإِنْسَانَ بِوَالِدَيْهِ حُسْنًا [العنكبوت: 8]

"Ба одамизод супориш кардем, ки ба падару модари худ эҳсону некӣ кунад" (Анкабут 8)

Ва боз мефармояд:

وَوَصَّيْنَا الْإِنْسَانَ بِوَالِدَيْهِ حَمَلَتْهُ أُمُّهُ وَهْنًا عَلَى وَهْنٍ وَفِصَالُهُ فِي عَامَيْنِ أَنِ اشْكُرْ لِي وَلِوَالِدَيْكَ إِلَيَّ الْمَصِيرُ [لقمان: 14]

"Одамиро дар бораи (эҳсону неки бо) падару модараш супориш кардем. Модараш ба ӯ ҳомила шуд ва ҳар рӯз нотавонтар мешуд ва пас аз ду сол аз шираш бозгирифт. Ва супориш кардем, ки Манро ва падару модаратро шукр гӯй, ки бозгашти ту ба суи ман аст" (Луқмон 14)

Бо ин оятҳо маълум гардид ки падару модар чи қадар ҳақи бузурге бар фарзандонашон доранд, ва махсус модар, чунки у дар муқобили чандин сахтиҳову машақатҳо ба хотири фарзандаш истодагари кардааст, ба монанди парҳезгори аз хурданиҳо ва нушиданиҳо ба хотири фарзандаш, ва вазнинии ҳомилаги ва ҳар машақате ки занони ҳомила аз сарашон мегузаронанд, ва аммо тавалуд кардан бошад, ба монанди он аст ки инсон аз дами марг раҳо меёбад, дарди онро ба ғайр аз модарон каси дигаре наметавонад дарк кунад.

Ва дар суннати Паёмбар (с) низ дар бораи фарз будани эҳсону неки бо падару модар, ва огоҳи аз норозиги ва хашмгин сохтани онҳо хело зиёд таъкид шудааст. Чуноне ки дар ҳадиси Паёмбар (с) омадааст: "Ризогии Парвардигор дар ризогии падару модар аст, ва хашмгинии Парвардигор дар хамгинии падару модар аст" (Табарони)

Ва дар ҳадиси дигар аз Амр ибни Ъос (р) ривоят шудааст ки марде ба назди Паёмбар (с) омад ва гуфт: ман ба назди ту омадам то ки бо ту байъат кунам, ки ҳиҷрат мекунам, ва падару модарамро дар ҳоле гузоштам ки бароям гиря мекарданд, Паёмбар (с) гуфт: "Баргард ба назди онҳо ва бихандон онрҳоро, чигунае ки гирёнашон карда буди" (аҳли сунан ба ҷуз Тирмизи)

Аз имом Аҳмад ва ибни Моҷа аз Муовия ибни Ҷоҳимаи Сулами ривоят шудааст ки У аз Паёмбар (с) талаб кард ки ҳамроҳи у ҷиҳод кунад, Паёмбар (с) уро амр кард ки баргардад ва бо модараш эсону неки кунад, вақто ки Муовия (ин хоҳишашро такрор кард) ва дар суханаш истодагари намуд, Паёмбар (с) ба У гуфт: "вой бар ту (эй Муовия) зери пои модаратро ҳамроҳи намо ҷаннат дар он ҷо аст"

Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст ки марде назди Паёмбар (с) омаду гуфт: "Эй Расули Худо ман беҳтарин эҳсону некияамро бо ки кунам? Паёмбар (с) гуфт: бо модарат, он мард гуфт: боз бо ки? Паёмбар (с) гуфт: боз бо модарат, он мард гуфт: боз боки? Паёмбар (в) гуфт: боз бо модарат, он мард гуфт: боз бо ки? Паёмбар (с) гуфт: боз бо падарат" (Бухори ва Муслим)

Аҳли илм ба чунин фикранд, ки модар се баробари падар бар фарзанд ҳақ дорад, чунки модар се марҳалай мушкилиро аз сараш мегузаронад, аввал мушкилоти ҳомиладори, дувум мушкилоти тавалуд, севум мушкилоти нашъунамо ва хурондану нушонидани тифл, аммо дар тарбияти фарзанд падару модар баробар ҳуқуқанд, чуноне ки Худованд дар ин оят ишора кардааст:

Ва аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) гуфт: "Се тоифае ҳастанд ки Худованд рузи қиёмат ба суяшон назар нахоҳад кард, оқи падару модар, зани мардмонанде ки худро бо мардон монанд месозад, ва (марди) даюс, ва се тоифа ҳастанд ки дохили ҷаннат нахоҳанд шуд, оқи падару модар, арақнуш, ва касе ки чизе медиҳаду боз миннат мекунад". (Насои ва Аҳмад ва Ҳоким)

Инчунин Муъоз ибни Ҷабал (р) мегуяд ки Паёмбар (с) манро чунин васият кард: "Ба Худо шарик наёр, агарчи кушта шави ва сузонда шави, ва оқи падару модар нашав, агарчи онҳо туро амр кунанд ки аз аҳлу оила ва молҳоят руй гардон……" (Аҳмад)

Ҳамон гунае ки неки ва эҳсон бо падару модар аз васиятҳо ва амрҳои Паёмбари ислом (с) мебошад, инчунин аз амалкард ва васиятҳои дигар паёмбарони пешин низ буд.

Чуноне ки аз Паёмбар (с) ривоят шудааст, ҳаногме ки аз назди қабри модараш, ки дар Ваҳбо минтақае дар миёни Макка ва Мадина ҷоигир аст дафн шуда буд, бо ҳамроҳии саҳобагонаш ки ададашон ҳазор нафар буданд, мегузашт, дар он ҷо истоданду Паёмбар (с) сари қабри модараш гиря кард ва саҳобагон низ аз гиряи Паёмбар (с) ба гиря омаданд, сипас Паёмбар (с) гуфт: "Аз Худованд иҷоза пурсидам ки барои модарам талаби мағфират намоям, бароям иҷоза надод, ва иҷозаи зиёрати қабри уро хостам бароям иҷоза дод, сипас (Паёмбар с) гуфт: қабрҳоро зиёрат намоед, онҳо охиратро ба ёди шумо меоранд"

Инчунин Иброҳими Халил (а) бо вуҷуди ин ки падараш кофир буд уро бо лутфу меҳрубони нидо мекард ва мегуфт: يا أبتي "Эй Падари ман" ва уро ба суи ибодати Худованди ягона мехонд, ва аз у хоҳиш мекард ки тарки ширку куфр кунад, вале ҳангоме ки падараш уро бо зарбу лат таҳдид намуд, ва хост ки уро аз хонааш берун намояд, Иброҳим (а) ба ҷуз ин сухан ба у чизи дигаре нагуфт, чуноне ки Худованд фармуд:

سَلَامٌ عَلَيْكَ سَأَسْتَغْفِرُ لَكَ [مريم: 47]

"Салом бар ту! Аз Парвардигорам бароят бахшоиш хоҳам хост" (Марям 47)

Ва ин чунин Худованд ба Яҳё ибни Закарё ба хотири он ки бо падару модараш эҳсону неки мекард сипос гуфт, чуноне ки Худованд фармуд:

وَبَرًّا بِوَالِدَيْهِ وَلَمْ يَكُنْ جَبَّارًا عَصِيًّا [مريم: 14]

"Ба падару модар некӣ мекард ва ҷаббору саркаш набуд" (Марям 14) Ва ҳамингуна гузаштагони солеҳи ин уммат низ дар неки бо падару модар бисёр кушишманд буданд.

Чуноне ки аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ҳангоме ки мехост аз хонааш берун ояд, дар назди дари хонаи модараш меистоду мегуфт: асалому ъалайка ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу ва модараш мегуфт: ва ъалайка салом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу эй фарзандам, ва Абуҳурайра мегуфт: Худованд туро раҳм кунад чуноне ки ту манро аз хурди тарбият намуди, ва модараш мегуфт: Худованд туро низ раҳм кунад чуноне ки бо ман дар пиронсоли эҳсону неки менамои.

Ва аммо Абдуллоҳ ибни Масъуд бошад, шабе модараш аз у об талаб кард, Абдуллоҳ ибни Масъуд рафт то ки об биёрад, ҳангоме ки баргашт дид ки мадараш хоб аст, Абдуллоҳ об дар даст то субҳ дар назди сари модараш интизор монд, ва уро ҳатто бедор ҳам накард то ки уро нороҳат насозад, ва инчунин аз наздаш ҳам дур нарафт то ки мабодо модараш бедор шаваду об бихоҳад ва Абдуллоҳро пайдо накунад.

Ва ибни Ҳасани Тамими бошад аз пушти каждуме рафт то ки уро бикушад, ва дид ки каждум дар кунчи хона дохили сурохие пинҳон шуд, ибни Ҳасан дари он сурохиро бо ангуштонаш баст, каждум ангушти уро газид, аз у пурсиданд ки чаро ин хел кард, дар ҷавоб гуфт: ба хотири он ин корро кардам ки тарсидам ки шояд он каждум берун ояду модарамро бигазад.

Ва ибни Ъавни Музаниро рузе модараш нидо кард, ибни Ъавн дар ҷавоб ба модараш каме бо садои баландтар ҷавоб дод, то ки модараш уро хубтар бишнавад, локин бо вуҷуди ин ибни Ъавн пушаймон шуд ва дар роҳи Худо ду ғуломро хариду озод кард.

Ҳангоме ки ба ҳоли гузаштагогнамон менигарем мебинем ки мо дар муқобил нисбат ба падару модаронамон бисёр кутоҳи мекунем, ҳатто ба он дараҷае мерасем ки дучори ғазабу норозигии онҳо мегардем.

Оқи падару модар чанд намуд мебошад ки аз баъзе аз онҳо мо хабар надорем ва дар назарамон андак менамояд, мисли ин ки садоро аз садои падар ё модар баланд намудан, ё ин ки ҳангоми соҳиби пулу мол шудан ё инки соҳиби илм шудан нисбати онҳо такабури намуданд.

Аз ҷумлаи оқи падару модар онаст, ки фарзанд парвои падару модар накунад ва онҳоро ба ҳоли худ гузорад то ки маҷбур шаванд ки даст ба талбандаги бизананд.

Инчунин касеро аз онҳо болову беҳтар донистан, мисли рафиқонро ва ё зану фарзандро ва ҳатто нафсашро.

Ва нидо кардани онҳоро бо номҳояшон ва шухи нанамудан ба номҳои онҳо.

Модаре ки тифлашро дар шикамаш нуҳ моҳ бо чанди машақатҳо бо тамоми намуди эҳтиётҳо ҳамл намуд, ҳар рузе ки дар шикамаш бузург мешавад ҳамон қадар дарду машақати модар зиёд мегардад, ва ҳангоме ки тифлашро ба дунё меорад чунон дарду аламе мебинад ки гуё аз дами марг раҳо ёфтааст, ва баъди тавалуди фарзандаш ҳамаи умедҳояшро бар фарзандаш мебандад, ва тамоми хушиву саодаташро дар хушиву саодати он фарзандаш мебинад, ва шабу рузашро дар хидмати фарзандаш мебахшад, кушиш мекунад ки уро аз беҳтарин таомҳо ва безарартарин таомҳо бихуронад, барои у заҳмат мекашад ва худро хаста месозад то ки фарзандаш роҳат бинад, синаву дастонашро савораи фарзандаш месозад, худро гурусна медорад то ки фарзандаш сер шавад, шабҳо хоб намекунад то ки фарзандаш оромона хоб кунад, ҳарвақто ки уро набинад фарёд мезанад, агар аз у руй гардонад уро хиҳиш мекунад, ҳаргоҳе ба фарзандаш зараре расад барояш кумак металабад, фикр мекунад ки тамоми хайру неки дар дасти уст, ва то замоне ки фарзанд дар оғушаш ё зери назараш бошад ба у нохушие нахоҳад расид.

Оё баъди ҳамаи ин ҷазои модар, уро норози сохтан ва аз у руй гардонидану сазовори хашми у гаштан аст?!. Худоё аз ин руз ба раҳмати ту паноҳ мебарем. Аммо падар бошад, ба хотири фарзанд чандин намудҳои мушкилотро аз сар мегузаронад, то ки луқмае пайдо кунаду дар даҳони у бигзорад, ва дар тарбияту таълими у чиқадар машақатҳое нест ки накашида бошад, ҳаргоҳе ки фарзанд ба наздаш биёяд хушҳол мегардад, ва ҳаргоҳе ки аз наздаш дур гардад дар фироқи у месузад, ҳаногме ки падар ҳозир мегардад, фарзанд фикр мекунад ки дунё дар зери дасти уст ва дигаронро аз падараш метарсонад бо сари баланд қадам мезанад. Оё баъди ҳамаи ин ҷазои падар такабури ва норози сохтани уст, ва сазовори хашми у шудан аст?!.

Худоё аз ин руз ба раҳмати ту паноҳ мебарем.

Ҳар як инсони оқил бояд огоҳ бошад, ки дар ҳақи падару модар кутоҳие накунад, оқибати ин кор бисёр сахт аст, бояд тамоми кушишашро сарф намояд, то ки бо онҳо эҳсону неки намояд, чунки рузе аз рузҳо онҳоро аз даст хоҳад дод, ва баъд аз он дигар газидани ангушт фоидае надорад, эҳсону неки бо падару модар агар аз нигоҳи шариъат ҳам фарз намешуд, аз нигоҳи инсонияту виждон аз баландмартабатарин амалҳо ба ҳисоб мерафт.

Ва илова бар ин эҳсону неки бо падару модар гуноҳонро аз байн мебарад, ва сабаби қабули дуъоҳо мегардад.

Худоё гуноҳони мо ва падарону модаронамонро бубахшо ва онҳоро раҳм намо чигунае ки моро дар хурди тарбият намуданд, ва онҳоро бо паёмбарону содиқон ва шаҳидону солиҳон ҳашр намо ва ҷои онҳоро фирдавси аъло бигардон. Омин

Ва салому дуруд бар беҳтарин ва охирини паёмбарон Муҳаммад (с) бод.

Бандаи оҷиз ду матлаб дорад аз лутфи Худо, Тавфи Байтуллоҳ, тавофи равзаи пайғамбар аст.
02 Февраля 2012 | Опубликовано в ( БА ЁДИ ПАДАР) | Просмотры: | Комментарии: 1

Бандаи оҷиз ду матлаб дорад аз лутфи Худо, Тавфи Байтуллоҳ, тавофи равзаи пайғамбар аст.

Зиёрат  рафтан  дар  ниҳоди  башар  аст. Одам табиъатан  дӯст  медорад  ба  зиёрат  биравад  хоҳ зиёрат  ба  сӯйи  ҷойу  макони  муқаддаст  бошад  ё ҳатто  зиёрати  хешу  ақрабо  ва дӯсту наздикон. Зиёрат  дар  маҷмӯъ  таассуроти  муҳими руҳонӣ дар инсон дорад. Ба қавли ирониҳо "устухонро сабук мекунад" ва руҳро болида.

Зиёрати хонаи Каъба панҷумин рукни ислом буда, он ҳам ибодати баданӣ ва ҳам ибодати молист. Имом Аҳмад ривоят мекунад, ки ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Ҳар касе иродаи ҳаҷ кардан дошта бошад, ҳарчи зудтар барои адои он шитоб намояд, зеро мумкин аст беморие рух бидиҳад ё чизе гум шавад ё ягон ҳоҷати дигаре падид ояд.

Дар ривояти Имом Тирмизӣ омадааст: «Миёни ҳаҷ ва умра мутобиат бикунад». Яъне, ин дуро пасиҳам анҷом бидиҳед, зеро ҳардуи он камбағалӣ ва гуноҳро ончунон аз кас дур месозанд, ки дамаи оташ ғаждии оҳану тиллову нуқраро дур менамояд.
Мукофоти ҳаҷҷи мабрур биҳишт аст.
Дар ривояти Ибни Моҷаи Қазвинӣ омадааст, «Ҳаҷгузорон ва умракунандагон қосидони Худоянд. Агар аз ӯ дуо кунанд, дуояшонро қабул менамояд ва агар талаби омурзиш намоянд, онҳоро мебахшад».
Расули Худо (с) барои ҳоҷиён чунин дуо кардаанд: «Худоё, ҳаҷгузоронро биёмурз ва ононеро биёмурз, ки ҳаҷгузорон барояшон аз ту талаби омурзиш намуданд». Аз он ҳазрат пурсиданд, ки «дар ҳаҷ кадом амалҳо беҳтаранд?» Ишон дар ҷавоб гуфтанд: «Бо садои баланд талбия гуфтан ва қурбонӣ кардан».

Ҳаҷ кардан ба мусулмон имон медиҳад, ки фурӯтанӣ (хоксорӣ) ва тақвояш бештар гашта, Худоро зиёдтар итоат ва пайравӣ намояд. Сарзамини муқаддас, одоби ҳаҷ,таъсири маънавӣ, нерӯи ҷамоат, илҳомоти фикрӣ... ҳамаи инҳо ба афкори мӯъмин таъсири худро хоҳанд гузошт. Мақсаду мароми ҳоҷӣ бештар сӯи хайру некӣ майл хоҳад кард. Зеро ӯ дар аснои тавоф манзараи қиёматро мебинад. Хурду калон, мансабдору бемансаб, сиёҳпӯсту сафедпӯст иҳром ба бар карда, танҳо фикри зиёрат бар сар доранд. Фикри ӯ аз ташвиши дунё дур мешавад, гуноҳро тарк мекунад. Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: "Ҳар касе ҳаҷ бигзорад ва гирифтори олудагию инҳирофе нагардад, монанди тифли навзод аз гуноҳ пок мешавад".

Чанд  вакт пеш  аниктараш  21- августи  соли 2011   дар  даҳаи  оҳири    моҳи шарифи   Рамазон  модари  азизам  ҳамроҳи   бародарам   Шарафчон  сафари ҳаҷи умра  доштанд  ва  баъди  зиёрати Макатуллоҳ  ба Ватан бо як  таассуроти  хубе  баргаштанд.Модари азизам  Ҳачи фарзиро соли 2000 адо карда  буданд  ва  ин дуюмин  сафри  модар ба  Хонаи Худо буд. Худованди кариму  Ҳаким Ҳачи эшонро  кабулу магбул  гардонда  боши  ва  моро  ҳам ба  зиёрати  чойҳои мукадас  насиб  гардони.

Асл дар ибодат ва ба вижа ибодати баданӣ ин аст, ки инсон шахсан худаш онро анҷом диҳад. Агар инсон бимирад ва онро анҷом надода бошад, фарзандаш метавонад, ба ҷои ӯ он ибодатро барояш анҷом бидиҳад. Пайғамбари Худо (с) мефармояд: «Дар ҳақиқат фарзандони шумо даромад ва самари шумо ҳастанд». (Ҳадиси шариф).
Бинобар ин баъди аз дунё гузаштани падару модар метавонанд, адодиҳандаи роҳи онҳо бошанд. Ҳамчунин пайғамбар фармудааст: «Вақте инсон мемирад, амали ӯ қатъ мегардад, магар се чиз: садақае ки ҷорӣ бошад, илме ки мардум аз он фоида бибаранд, фарзанди солеҳе, ки барои ӯ дуо кунад». (Ҳадиси шариф).

Шукронаи  Парвардигорро мекунам ,ки  ҳарчанд   падари  бузургворам   ба зиёрати   ҳач насибашон  нашуд   ба чойи падар  фарзандҳо  ҳар сол  ин амалро  анчом медиханд.Имсол  ҳочи  Шараф   ба чойи  падари меҳрубонамон  дуюм бора  ҳач  карданд

*******************************************************************************************************************************************************

Ёдоштхои Падар
02 Февраля 2012 | Опубликовано в ( БА ЁДИ ПАДАР) | Просмотры: | Комментарии: 1

Зиндаги бошитоб мегузарад( Ёдоштхои Падар)

Зиндаги  бошитоб  мегузарад

Умр  монанди об  мегузарад

Оре,  Одами шогирде аст, ки дард ва андуҳ  уро таълим медихад ва ҳеч кас бидуни эхсоси ин муаълим кодир ба шиносоии худ нест. Ин  ҳама дарди  бепадари  моро  фарзандонро  хам таълим дод ,хам  инсонҳоро  шинохтем, ки чониян ё  нони  ин ҳама  ангезаҳо дарси зиндаги  буданд  дар ҳайёти  мо.

Он чи  аз  панди  Падари  бузургворам  омухтам мегуфт; Зиндаги худ як  дарси ибрат  аст  шумо дар   он  мисли накош  ҳастед ,ки  бо кирдору  рафтори худ  онро накоши мекунед, кушиш ба  харч диҳед ки накоши шумо бидуни ягон хатпок(хаткуркунак)  бошад  вакте,ки ба гузашта  бармегардед  ниёз ба  хатпок надошта  бошед.

Коре ,ки тавоноии  анчомашро ба  фардо магузор зеро,ки имруз  ҳамон  фардое   ҳаст,ки интизораш буди.

Падарчони азизу  меҳрубонам шукри Парвардигори  оламиёнро мекунам,ки фосилаи каме,ки дар зиндаги  бо мо буди  аз шумо  бисёр чизро омухтем ва  то ҳол  сармашки  кору  зиндаги худ кардаем.

Эй падар аз бахри побусат салом овардаам
Бо умеди раҳмати руҳат калом овардаам
Дуст  дорам ,  Эй  падар бо  ёди  ту  Точикободро,
Сангу  чубу  хору  хас, ҳар  зарра  гарди  хокро

Дар  ин  тули 14-сол, ки моро Падарчон  тарк  кардию  хонаи охиратро ба худат  авлодтар донисти  мо  факат  шуморо ҳар  лахзаю ҳар  нафас  ёд  меорем  бо тилловате  аз сурахои  Куръони карим  руҳи шуморо  шод мекунем  ва  ба ин  худро  тасало медиҳем,ки  ҳама  мо бандаҳо  мирандаем  ин дунёи фони ба  кассе  вафо накардааст  факат як  чиз мемондааст  ин ҳам бошад  номи неку  аъмоли хуб.

Номи неки рафтагон зоеъ макун,

То нагардад номи некат бар забун.

Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро

Хотироти  бисёре  дорем  Падарчон  аз  шумо,ки  соатҳо киса кунам  тамом намешавад вале  баъзе  хотиртҳое  ҳастанд,ки  ҳамеша  пеши чашмонамон мебиёянд.

Бахше  аз  ин  хотироти   неке ,ки барои  мо  дарси  ибрату  зиндаги шуданд!

Падари   меҳмондустам!  

   Солхои 1982-1983  буд . Дар ноҳияи  Гарм раҳмати падарам  ҳамон  солҳо  Раиси Шуро  буданд.Ва  мо дар  маркази ноҳияи  Гарм зиндаги мекардем.Падарам  бисёр  мехмондустор буд. Рузе   набуд ,ки танҳо  хона  биёяанд,  ҳар    нисфирузи   вакти  хурокхури  ягон  рафикашро  ҳамрохаш гирфта хона  меоварданд.

Хар  руза барин  имруз ҳам  ҳамрохи  падарам  рафиконаш, Мусаяб Умаров  , Ахмадбек Лоиков  ва  Мирзо Мухаммадназаров  меҳмон  шуданд. Мо ки фарзандон  хама   дар макатб мехондем,  модарам ҳам  муаллима  будан  барои ҳамин  ба  меҳмонхо  дар меҳмонхона  доимо    дастархон тайёр мекардему  болояшро мепушонидем,ки ҳамеша  омода бошад.

Ман ки  ҳамон руз  барвактар аз  дарс омада будам  омодаи хурок  тайёр  куни  будам ,ки ҳамаи аҳли оила  омада хуроки нисфирузиро  хуранд. Хамин  лаҳза  занги телефон шуду  пардачонам гуфтанд,ки  ягон хурок   дар обед   омода  соз,  мо ҳозир меравем. Пас  аз  лаҳзае  бинам,ки ронандаи  падарам  пештар  омаданд дар як  халта гулмоҳи оварданду гуфтанд,ки инро ҳам  пухта  тайёр кунед  барои мехмонхо.

Ман,  ки  то  ин  вакт  ҳамеша  ҳамрохи модарчонам  хурок  мепухтам,ягон бор  моҳи бирён худам  напухта будам  чи карданамро намедонистам  аз кучо  сар кунам.Дасту похурда  шуда будам,ки  мабода,ки  назди  меҳмонҳои  падарам  аз  уҳдаи ин набароям..

Хамин лахза бинам,ки акаи Мирзо шодравон,ки  дар ҳамсоягии мо  зиндаги мекард  бо даъвати  падарам  омада  расиданд.  Дид,ки  ман  танҳо дар ошҳона   моҳиҳоро  тоза карда истодам  гуфтанд,ки Шаҳло  инкарад  моҳи бисёрро чи тоза карда  меисти  барои 4-  нафар  2- кг  басанда  аст.  Биё  ман  ёрдам  мекунам  тезтар  мешавад.  Хамин лаҳза  чунон  хурсанд шудам,ки акаи Мирзо ,ки  дар пухту  паз  устоди  хубе буд  ва  ҳамто надошту  маҳорати баланди ошпази доштанд  акнун  аз  онхо сири  бомаза  пухтани  моҳибирёнро  ёд мегирам.

Хамин хел  ҳам шуд  якчоя  бо акаи  раҳмати Мирзо то омадани  падарчонаму   меҳмонҳо  як  табаки калон  моҳибирён аз гулмоҳои  дарёи Сорбог  тайёр карда  болои миз  гузоштем. Меҳмонҳо ҳам  омадан.

Падарчонам аз дар бо як  руҳи болида  бо даҳони пур аз  ханда  бо он каду  комати  баланду он чеҳраи  нурони  вориди ҳавли шуданду    садо карданд,ки Шаҳлочони дадаш  мо  омадем, акнун  хурокҳои пухтагиатро баҳо медиҳем!

Шурбои ман  ки тайёр буд  аввал аз хомшурбо  ним косаги баъдан  моҳибирёнро  хурданду  маро  таърифу  раҳмат гуфта    рафтанд.Раҳмати Падар  доим  дар хона  байни  мо  фарзандон  мусобика  мегузош  дар корҳои хона, кассе  беҳтар  ичро мекард  соҳиби туҳфаю  меҳрубонии падар мешуд  аз ин руй  доим кушиш мекардем,ки  чи фармоише  мекунанд  падару модар ба хуби ичро кунем  то ки  таърифу  туҳфаҳои  Дадачонамро соҳиб  шавем.

 То ҳол  кадом вате,ки  моҳибирён  пазам ҳамин  лаҳза  пеши руйам  мебиёд  ва  мегуям,ки моҳибирёнро  ба  ман  раҳмати акаи Мирзо ёд дода  буд.Худованд  дар  раҳмати Худо  бошанд  ҳамаи  онхое,ки моро  аз  ин дунё  тарк  кардаанд.

*****************************************************************************************************************************************************

"Аз Аллоҳ бубин, ҳар он чӣ меояд ба сар, Бе ризои Ҳақ намехезад зи санги ҳам шарар", Худоё ҳар кӣ ба ту раҳ ёфт, равшан шуд ва ҳар кӣ ба ту паноҳ бурд, паноҳ ёфт. Ва ман ба даргоҳи ту паноҳ овардаам, пас ту эй Худо ҳусни занни маро ба раҳматат ноумед масоз ва аз фурўғи раъфату иноятат маро маҳҷуб магардон. Худоё, ба ман диле ато кун, ки муштоқи мақоми қурби ту бошад ва забоне, ки сухани сидқаш ба сўи ту боло равад ва назари ҳақиқате, ки тақарруби ту ҷўяд.

ГАР КУНАМ ЁДИ ПАДАР,ДУ ЧАШМАИ МАН ГИРЁН  ШАВАД          ГАР КУНАМ ЁДИ ПАДАР,ИН  КАЛБИ  МАН  БИРЁН  ШАВАД.

У  НАМЕДИХАД  ДИГАР  БАР  МАН  ДУОЮ  ФОТИХА,

АЛВИДОЪ ЭЙ АЛВИДОЪ,ТО РУЗИ ДИДОР  АЛВИДОЪ.

ШУКРИ  АЛЛОХ  МЕКУНАМ  ИМОНИ КОМИЛ  ДОШТАИ,

ХИЗМАТИ  МАРДУМ  БИКАРДИ,ТУХМИ  НЕКИ  КОШТАИ.

СИНАИ  КУХРО  ШИКОФТА,БОГУ БУСТОН  КАРДАИ,

ДАШТАКУ САНГЛОХРО,ХАМЧУН ГУЛИСТОН  КАРДАИ.

САНЧИДУ  ЗАРДОЛУВУ СЕБУ АНОР  БИШНОНДАИ,

ХАРКИ  НУШИ ЧОН КУНАД,ТУ АЗ САВОБАШ  БАХРАИ.

ОДАМИ  ДАР БОГИ УМР,ЧУН  БАРГИ  ТАР  БУДАСТУ БАС,

ГАР  ХАЗОН  ОЯД  БА БОГАШ,БОГИ  ДИГАР  МЕРАВАД.

АНДАРУНИ  БОГИ ТУ БАРГХОИ  ТАР  САДХО  ХАЗОР,

ЧУН  ХАЗОН ШУД БОГИ УМРАТ,БОГИ  ДИГАР  РАФТАИ.

АЗ   ХУДОВАНДИ  ТАЪОЛО,АЪЗАМИ   ДОРАД  ДУО,

АЗ  БИХИШТАД  ПОРАЕ  БАР У  НАСИБ  ГАРДОН  ХУДО

****************************************************************************************************************************************************

Хеч гох аз хотирам нахохад рафт! Як  руз  гусфандонро гирифта ба суи чарогох рафтам.Ногох  дидам ки як мард ва писараки ношиносе бо хамрохии чурахоям бо завк бози кардаисодаанд...

Ва ман ба наздашон омадам бачахо гуфтанд, шинос шав.Ин мард пеш омаду гуфт чура биё  шинос мешавем,ман акаи Махмуд ва ин писарам Шарафчон,Аз ин баъд мо хам бо хамрохии шумо (Гов ва гусфандонамонро) ба чарогох мебиёрем...

Ва ман бошам лахзае дар фикр мондаму бо худ гуфтам манн, ки ин мард Акаи Махмуд ин  номро чое дидаам  хамоне,ки дар газета дида будам.Ба рости ин хама мисли як филми афсонави дар пеши назарам чарх мезад...

Ва ба худ мегуфтам ин мард,ки раиси нохияи мебошад дар ин чарогох чи мекунад.

Бо хуши ва хурсанди ба Шарафчон ва падараш акаи Махмуд шинос шудем...

Дар чарогох ки аз хонаи акаи Махмуд он кадар дур набуд  бисер дустонам ва бо шавку завки бисер бози мекардем.Хар бегох падари Шарафчонро дар он чо интизор будем...

Бегохи Аз кор, ки меомад киссахояш  пур аз ширини ба мо бачахо таксим мекард,бо хамрохии мо бачахо бисер шухию бозихо мекард...

Шарафчон ки нав ба деха омада буд  аспсавориро хуб наметонист.Мо уро дар байни 3-руз аспсавориро омухтем.Хурсандию бози чурагии мо хамто надошт...

Дар хона ва дар мактаб бо сари баланд бисер таъриф мекардем  аз  ин марди хоксор ..

Аз байн чандин  соли кудакиамон мисли як мичазадан гузашт...

Як рузи офтоб хаво софу бегубор буд.Баъди якчанд дакика борон сар шуд,мо хайрон шудем дар ин хавои бе абр борон ачиб.,.

Ногох шунидем овози гирьяву фигон аз суи хонаи шумо.Хайрон шуда давида рафтем...Рафта  дидем,ки часади акаи Махмуд  пури хун  руйи  хавлин буд  ва  тамоми мардуми  нохия  дар ончо  дар фигон буданд!

Мо ки хурдсол будем аз тарсу аз ларза чи кор карданамонро намедонистем....

Хама марду зан гиря мекарднад Бо чашмони гирён мо дигар бо Шарафчон во нахурдем. Бо хамин Гусфандчарони  анчом ёфт.

Апачон бахшиш ки ман акаи Махмуд мегуям...

Вакте акаи Махмуд бо мо шинос шуд.Ба мо гуфт ман раис нестам ман чураи шумоям.Акаи Махмуд бо хамин хотири хоксорию одамдустиаш дар дили мо хамеша чун инсони хубу гамхор боки мемонад...

Хамшарики ва хамдардии маро ба хамдардии худатом кабул намоед.Акаи Махмудро Худованд рахмату махфираташ кунад ва чояш Чаннат бошад.!

Рохе  ки ба  чарогох мерафтанд!

Чарогохое  ки  бачахо бози мекарданд!

******************************************************************************************************************************************************

Мондааст ёдгор ба мо сурати падар,
Хушруй ин кадар!
Бо чашми дил ба чехраи гармаш кунем назар,
Чун шуълаи сахар!

Пешонияш фароху нигаххош мехрбор,
Чинхо ба руи у.
Бар руи суфае биншастааст бо викор
Чун барф муи у.

Гуям-аш, чонпадар,писарат ШАРАФАТ хам падар шудаст,
Бо рохи ту равон.
Андак хам аз илму фазли замон бохабар шудаст,
Дар тули солиён.

Гуяамаш чонпадар,ту бубин боги умри мо,
Имруз пурсамар.
В-аз он нихолхо шуда пайванд дар чаман
пайванди бештар.

Гуямаш чонпадар хуш гузарад рузгори мо
бо мехнати халол
дар байни дустон на кам аст эътибори мо,
дар чодаи камол.

Аз ончи лозим аст ба мо ,хаст эй падар,
Дардо.ки ту нести.
Хардам ба гуши ман бирасад нола аз чигар:
якто ту нести чон падар

***************************************************************************************************************************************************

ОШИ  ПАЛАВИ  ЗУЛИЧОН!

Чи  хуш  аст ёд овардани  даврони  кудаки  барои  хар як  инсон,ки дар халкаи ахли оила  гузашта  бошад. Ин  ёдхо моро лахзае хам  бошанд  ба    дунёи  зебои  кудаки боз мегардонанд.

Солхои  мактабхони  ки  13-14  сол  доштам  дар хона хама  кори  бори рузгор  ба души манну  хохарам Зулфия буд.Моарачона  хамаи  корхоро  таксим карда  буданд  ва хар яки мо медонистем  кадом корро кунем.Ба гайри рубу чин  боз хурок пази хам ба души ман буд.Бо ёрию гуфтаи  модарчон  аз  ухдаи  пухтани  хамаи  хурок  мебаромадам  ва  хар  вакте,ки  хуроки наве  мепухтам  рахмати    падарам  хушнуд мешуданд  ва  мегуфтанд,ки  бахоят+5  чони дадаш.

Як  руз  модарчон гуфтанд,ки акнун шумо  аз худ кардед пухтани  хамаи намуди хурокро навбати Зуличон   дар  ошхона. Зуличон,ки худ  пухту пазро дуст  намедошт   ба амри модарчон  не гуфта   натавонист.

Ба  ошхона  даромаду  гуфт,ки   ягон  кас  ба  ман  нафахмонад   ман   худам Оши  падав  мепазам.Аз ин гап  модарчон  хурсанд шуданду  гуфанд  хама  махсулот  дар пешат   гиру  аз  пайи корат шав  мо  хурда баъд  бахо медихем.

Хамин  хел  Зуличон  худаш  бе ёрдами  мо дар  ошхона  як  деги калона  2-кг  биринчро оши  палавро  дам  партофту  шоди куни омад  ба  назди ману  модарчон : гуфт,ки  баъди 40 мин  оши  палав  тайёр мешавад  рафта  дадачонамро   занг занам,ки дер накарда  расида  биёяд  ба  ош хури.

Рафтану  гиширо бардоштанду  ба  дадачонам занг задан:  ва  гуфтан,ки  ман Оши палав  пухтам дадачон рафиконатонро  акаи Абос  акаи  Сайидмухтор  ва акаи Тугона  гирифта  обед  биёед.

Бо   даъвати  Зуличон  рахмати  падарам,ки  бисёр инсони  дил кушод буданд бо рафикони худаш  расида  омадан. Вакт  кашидани  Оши палав хам расид  мо хамрохи модарчон  вориди  ошхона шудем,ки  бинем чи гуна  Ош  пухтааст   Зуличон.Вакте,ки дегро  кушодем  модарчон  аз  кахр намедонист  чи гуяд  Зуличонро  чанди бор  дашном  дод,ки наметавони чаро  морро намонди ки кумак  кунем  хам худат  дида   ёд  бигир  боз барои   шарманда  кардани худат  дадачонатро  занг  зади, ки   рафиконатро  гирфта биёр.! Дар  оши пухтаи Зуличон  сабзи набуд  оши сап  сафед,худи Зуличон  аз  хурди   дар  хурок  пиёзу  сабзиро  чудо мекард  бо тахди дили худаш  оши бесабзи пухтаст.

Баъди хурдани мехмонхо  хуроки якумро модарчон  парадамро чег зад  гуфт  оши духтарат бе  сабзи аст   монед  нахуред ошро  хозир ягон чи мепазем.

Дадачонам дегро  кушода  диданду  хандаи  карда  ва  амр кард,ки хамин Оши пухтаи  духтарамро кашида  биёред. Оша  кашида  бурданд  вале нахурданд  дар чояш истода буд  вакт  рафтан  дадачонам гуфтан,ки Зуличон бахот  5  оши бомаза  пухти духтарчон ,рахмат  лекин кушиш кун , ки даъфи дигар аз  ин хам хубтар  пази. Зуличон хурсанд  шуду аз  шодди ба  сурудхони даромад! Бахои  5  сохиб шудам гуфта!

Вакте,ки рафтем якчо ба мехмонхона,ки гундорем дастархони мехмонхорро  Зуличон  ошро  дид,ки  истодаст   ба  гиря  даромад,ки оши ман ба  дадачонам  махкул набудаст    маро   хамин хел дилбардори кардаанд  набошад агар  махкул мебуд ошро хурда  тамом мекарданд.

Дар Оши  Зуличон  на танхо  сабзи  балки  намак  хам  надош.

То  хозир  мазаи   Оши  палави бе сабзию бенамаки Зуличон  аз ёдамон намеравад.

******************************************************************************************************************************************************